Баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар байни донишҷӯёни Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон
Санаи 3 октябри соли ҷорӣ дар доираи ташаббусҳои тарғиботӣ оид ба баланд бардоштани саводнокии молиявӣ, бо ибтикори муовини директори ҶДММ ТС “Итминон” дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон маъракаи омӯзишӣ баргузор гардид. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ — тақвияти дониши молиявии ҷавонон ва шинос намудани онҳо бо имкониятҳои муосири хизматрасониҳои суғуртавӣ буд.
Дар ҷараёни маърака, донишҷӯён бо намудҳои гуногуни суғурта, принсипҳои фаъолияти ширкатҳои суғуртавӣ ва аҳамияти таъмини молиявии шахсӣ ва оилавӣ шинос шуданд. Намояндагони ҶДММ ТС “Итминон” ба иштирокчиён шарҳи муфассал оид ба хизматрасониҳои пешниҳодшаванда доданд, ки ин боиси афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба масоили молиявӣ ва нақши суғурта дар ҳаёти рӯзмарра гардид.
Чунин чорабиниҳо на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии молиявии донишҷӯён мусоидат мекунанд, балки заминаи устувор барои ташаккули фарҳанги молиявии солим дар ҷомеа мегузоранд. Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон минбаъд низ омода аст, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ ва молиявӣ, чорабиниҳои омӯзиширо идома дода, саҳми худро дар рушди саводнокии молиявии аҳолӣ гузорад.




